8
Эстер яҳудиёнро наҷот медиҳад
Худи ҳамон рӯз шоҳ Аҳашверӯш молу мулк ва чизу чораи Ҳаман — душмани яҳудиёнро ба малика Эстер дод. Мордахай акнун назди подшоҳ даромад, зеро Эстер ба шоҳ гуфт, ки онҳо хешанд. Баъдан подшоҳ ангуштаринашро, ки аз Ҳаман гирифта шуда буд, аз дасташ кашида, ба дасти Мордахай супорид. Эстер бошад Мордахайро бар дороии Ҳаман ҷавобгар намуд.
Малика Эстер бори дигар бо подшоҳ гап зада, худро пеши пояш партофту гиря кард. Ӯ зорию тавалло намуд, ки нақшаи бади зидди яҳудиён тайёркардаи Ҳаманро бекор намояд. Сипас подшоҳ асои тиллоияшро ба Эстер дароз кард ва ӯ аз ҷояш бархоста, назди шоҳ истод.
«Агар ин кор ба подшоҳ дуруст намояду дар назари шоҳ эътибор дошта бошам, — илтиҷо кард малика, — бигзор қонун барояд, ки ҳамаи номаҳои Ҳаман, писари Ҳамдотои аҷоҷӣ, ки барои нобуд кардани яҳудиёни ҳамаи вилоятҳои подшоҳ навишта буд, бекор карда шаванд. Чӣ тавр ба ин балое, ки ба сари халқам меояд, тоб оварам? Нобудшавии оилаамро чӣ гуна тоқат кунам?»
Подшоҳ ба малика Эстер ва Мордахайи яҳудӣ гуфт: «Азбаски Ҳаман ба халқи яҳудиён ҳуҷум кард, ӯро ба дор овехтанд ва дороияшро аллакай ба Эстер додам. Акнун аз номи подшоҳ қонуни нав оид ба яҳудиён, чӣ тавре ки дуруст мешуморед, бинависеду онро бо ангуштарини шоҳ мӯҳр бизанед. Ҳар қонуне, ки аз номи шоҳ навишта, бо ангуштаринаш мӯҳр зада шуда бошад, бекор карда намешавад».
Сипас бисту панҷуми июн* Аз рӯйи тақвими ибрӣ бисту сеюм рӯзи моҳи сеюм, яъне моҳи «сивон» буд. котибони шоҳ даъват шуданд. Онҳо фармонро оид ба яҳудиён, аз рӯйи ҳамаи гуфтаҳои Мордахай бо хати ҳар як вилоят ва бо забони ҳар як халқ, ба ҳокимону мирони яксаду бисту ҳафт вилоят — аз Ҳиндустон то Эфиопия навиштанд. Фармон ба яҳудиён низ бо хату забони худашон навишта шуд. 10 Фармонро аз номи шоҳ Аҳашверӯш навишта, бо ангуштаринаш мӯҳр заданд. Мордахай онҳоро бо дасти хабаррасонҳо фиристод, ки ба аспҳои тездави махсус барои шоҳ парварида саворӣ буданд.
11 Фармони шоҳ ба яҳудиён ҳуқуқ дод, ки дар ҳар шаҳр барои муҳофизати худ ҷамъ шаванд. Ҳар қувваи мусаллаҳ аз ҳар халқ ё вилоят, ки ба онҳо ҳуҷум кунад, бо занону кӯдаконашон кушта, несту нобуд карда шавад. Илова бар ин ҳамаи дороияшонро бо зӯрӣ кашида гиранд. 12 Рӯзе ки ин амр бояд дар тамоми вилоятҳо иҷро шавад, ҳафтуми марти соли оянда Аз рӯйи тақвими ибрӣ рӯзи сенздаҳуми моҳи дувоздаҳум, яъне моҳи «адор» буд. буд. 13 Нақша чунин буд, ки нусхаи ин ҳуҷҷат ҳамчун қонун дар ҳар вилоят бароварда, ба ҳамаи халқҳо эълон шавад, то ки ҳамон рӯз яҳудиён барои аз душманонашон қасос гирифтан тайёр бошанд. 14 Хабаррасонҳо бо фармони шоҳ, дар аспҳои тездави подшоҳ савор шуда, зуд равона шуданду ҳамзамон онро дар қалъаи Шушан эълон карданд.
15 Мордахай бо либоси шоҳонаи кабуду сафед дар тан, тоҷи калони бо тилло орододашуда ва болопӯши бунафшранги қиматбаҳо аз назди шоҳ баромад. Дар Шушан садои шодию хурсандии сокинон баланд шуд. 16 Барои яҳудиён ин рӯзи пирӯзӣ, хурсандию шодмонӣ буд ва онҳоро дар ҳама ҷо эҳтиром мекарданд. 17 Ба ҳар вилояту шаҳр, ки амру фармони шоҳ расид, иду базми шодмонӣ байни яҳудиён барпо шуд. Бисёр ғайрияҳудиёни он сарзамин аз халқи Мордахай метарсиданду аз ин сабаб эълон намуданд, ки дини яҳудиро қабул карданд.

*8:9 Аз рӯйи тақвими ибрӣ бисту сеюм рӯзи моҳи сеюм, яъне моҳи «сивон» буд.

8:12 Аз рӯйи тақвими ибрӣ рӯзи сенздаҳуми моҳи дувоздаҳум, яъне моҳи «адор» буд.