7
1 Ҳамин тавр, подшоҳ ва Ҳаман ба зиёфати дуюми малика Эстер рафтанд. 2 Ҳангоме ки онҳо май менӯшиданд, подшоҳ бори дигар аз малика пурсид: «Хоҳишат чист? Он иҷро хоҳад шуд. Бигӯй, чӣ дархосте дорӣ? Ҳатто агар то нисфи подшоҳиямро талаб кунӣ, ба ту дода мешавад».
3 Малика ҷавоб дод: «Эй подшоҳ, агар писанди назари шумо бошам ва маъқул донед, илтиҷо менамоям, ки ҷони ману халқамро наҷот диҳед. 4 Агар мо фақат ҳамчун ғулом фурӯхта мешудем, хомӯш мемондаму чизе намегуфтам, чунки подшоҳро бо чунин дархост халалдор кардан раво нест. Лекин сабаб дар он аст, ки ман бо халқам ба куштану несту нобуд шудан фурӯхта шудаем».
5 Подшоҳ аз малика пурсид: «Кист он одам?! Куҷост он нафаре, ки ба чунин коре ҷуръат намудааст?!»
6 Эстер хитоб кард: «Душмани ашаддӣ ҳамин Ҳамани бадкор аст!»
Инро шунида, Ҳаман назди подшоҳ ва малика ба даҳшат афтод. 7 Подшоҳ оташин шуда, аз ҷояш хесту аз зиёфат баромада, ба боғи қаср рафт. Чун Ҳаман ҳис кард, ки шоҳ ӯро нобуд кардан мехоҳад, назди малика истод, то барои халосии ҷонаш ӯро илтиҷо намояд. 8 Ӯ худро бо зорию тавалло болои кати Эстер партофта буд, ки подшоҳ аз боғи қаср баргашт.
Подшоҳ дод зад: «Вай ҳатто ҷуръат мекунад, ки дар ҳузури ман ба номуси малика расад?!»
Ҳамин ки подшоҳ инро гуфт, рӯйи Ҳаманро пӯшониданд. 9 Пас Ҳарбӯно — яке аз хизматгорони шахсии шоҳ, ки он ҷо буд, гуфт: «Инак, дори бисту семетра дар ҳавлии Ҳаман тайёр аст. Вай онро барои Мордахай, ки барои шоҳ кори нек карда буд, сохтааст».
Подшоҳ амр дод: «Худашро ба ҳамон дор овезед!» 10 Ҳамин тавр, Ҳаманро дар доре, ки ӯ барои Мордахай сохта буд, овехтанд. Сипас ғазаби подшоҳ паст шуд.